ШАРОИТИ СОЗГОР – ТАКМИЛБАХШИ ФАЪОЛИЯТ

Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе соли 1984 таъсис ёфтааст. Дар муддати наздик ба 40 соли мавҷудияташ ин муассиса бештар аз дувоздаҳ ҳазор нафар ҷавонро аз рӯйи касбҳои гуногун тайёр намудааст, ки имрӯз онҳо саҳми худро дар пешрафту тараққиёти ҷомеа мегузоранд.
Чунонки аз суҳбат бо директори литсей Санавбар Қудратзода маълум гардид, барои соҳиби касби дилхоҳ гардидани ҳар як хонандаи ин даргоҳ кулли шароит муҳайё гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон касбҳои дилхоҳи худро интихоб намуда, асосҳои онҳоро омӯзанд. Дар литсей тибқи иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фаъолияти таълим омӯзиши ихтисосҳои ошпаз – қаннод, ошпази таомҳои хориҷӣ, туроператор, роҳбалад, хазинадор – назоратчӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет – технология, фурӯшандаи маводи ғайрихӯрока ба роҳ монда шудааст.
— Нақшаи қабули хонандагони литсей ҳамасола иҷро мегардад, — гуфт директор, — зеро касбҳое, ки дар ин ҷо омӯзонда мешаванд, дар ҳар корхонаву муассиса талабот зиёд аст. Ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ба муассисаи мо зиёд муроҷиат мекунанд ва аз ҳисоби хатмкунандагон ҳамчун мутахассисонро ба кор мепазиранд. Ҳамасола то ҳафтод фисади хатмкунандагон ба кор қабул карда мешаванд.
Қабули хонандагон ба литсей пас аз хатми синфи 9 ва 11 сурат мегирад. Ҳоло дар литсей ҳам дар шакли буҷавӣ ва ҳам дар шакли шартномавӣ шогирдон ба омӯзиши касбу ҳунар машғуланд.
Дар байни шогирдони муассисаи мазкур як нафар маъюб, се нафар ятими кулл ва ҳафт нафар нимятим низ таҳсил мекунанд, ки онҳо аз имтиёзҳои хеш пурра истифода мебаранд. Ҳамчунин, дар арафаи иду айём аз тарафи маъмурият ба онҳо кумакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад. Шароити хобгоҳ низ бад нест. Ҳар гоҳ дар ин ҷо оид ба масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла, канорагирӣ аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таваҷҷуҳи бештар доштан ба омӯзиши касбу ҳунар, одамони касбу кори гуногун, пешқадамони истеҳсолот ва монанди инҳо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида мешавад. Ба литсей хонандагони эҳтиёҷманд бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Ҳамаи шароит барои зист ва дарстайёркунӣ фароҳам оварда шудааст. Хонандагон як маротиба бо хӯроки гарм таъмин мешаванд.
Чунонки С. Қудратзода иброз дошт, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм аз дуюми майи соли 2023 бо мақсади муайян намудани сатҳи азхудкунии нақшаву барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хатмкунандагон ва ба онҳо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ихтисос мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2010 раисони комиссияи аттестатсияи давлатии хатм дар соли таҳсили 2022-2023 муайян карда шуданд. Ин комиссия бо фаъолияти пурсамари худ раванди имтиҳони хатмро ба дараҷаи даркорӣ ташкил намуда, хатмкардагонро ба истеҳсолот равона кард. Як қисми онҳо тариқи ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шуданд.
— Барои расидан ба ҳадафҳои хеш ва тарбияи шогирдони фаъоли замон, албатта, мавҷудияти мутахассис зарур аст, — иброз дошт директори литсей. – Ба ин хотир ҳангоми қабули устодон ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ мо бештар ба соҳибтахассус будани онҳо аҳамият медиҳем. Ин аст, ки ҳоло устодони фанни таърих Соҷида Шукурова, забони русӣ Ширин Юнусова, ҳисобдорӣ Бунафша Мавлонова, биология Зулайхо Сарварова, забон ва адабиёти тоҷик Гулбахт Назархудоева, химия Сайёра Айёмбекова ва дигарон ба он мекӯшанд, ки шогирдонашон дар баробари омӯхтани касбу ҳунар аз фанҳои барномавӣ низ дониши мукаммал дош­та бошанд.
— Барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаашон омӯзгорон мунтазам аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд — гуфт директор.
Бояд гуфт, дар муассиса 18 гурӯҳ ташкил карда шудааст ва ҳафтае як рӯз аз ҷониби устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дарсҳо баргузор мегарданд. Раванди таълим дар муассиса назариявӣ, амалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва корҳои тарбиявиро дар бар мегирад. Маъмурияти литсей ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, технологӣ, омӯзгорӣ бо як қатор муассисаҳои пешқадами ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ТВ «Сафина», Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ, қаҳвахонаи «Сегафредо – загетта – экспресс Душанбе», муассисаи сайру саёҳати Иттифоқи касабаи Тоҷикистон, ҶСП «Шивер Тоҷикистон» (Ашан), Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҶСП Маркази варзишию саломатии «Ҳаёт», Департаменти «Кӯли Душанбе», ҶСП «Сафеддара» ва ғайра ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.
— Масъалаи дигар таъмини литсей бо китобҳои таълимии дарсӣ ва тахассусиву бадеӣ мебошад, — иброз дошт С. Қудратзода. — Соли ҷорӣ 457 адад китоби дарсӣ харида шуд. Аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 291 адад китоби умумитаълимӣ, 13 стандарт ва барномаи таълимӣ ва аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 112 адад китоби тахассусӣ дастрас кардем.
Барои пурра қонеъ гардондани хонандагон дар китобхонаи литсей ба таври илова 25 ҷойи нишаст, се адад компютер, ҷевон барои нигоҳ доштани китобҳои бадеӣ ташкил карда шуд.
Бино ба таъкиди директор, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои литсей бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар литсей соле як маротиба бо мақсади баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинӣ барпо шуд, ки меҳмонону хонандагон аз раванди дарсҳо дар синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо шинос шуда, бо хонандагон, омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ истеҳсолии литсей оид ба ихтисосҳои мавҷуда ва ҷараёни таълим муколамаи муфид ба миён омад. Дар ин рӯз аз 14 муассисаи таълимии пойтахт 240 нафар хонанда бо омӯзгорону падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда иштирок намуданд. Маъмурият тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ бо мақсади беҳтар гардондани сатҳу сифати таҳсилот ва таъмин кардани шогирдон бо касбу ҳунарҳои дилхоҳашон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо сафарбар намояд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»